АНДЕША. «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Маҳз ҳамин нуктаҳо, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ садо доданд, моро низ водор кунонд, ки ҳама дар якҷоягӣ метавонем мушкилиҳоро паси сар карда, Ватанамонро ободтар созем. Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат аз ҳадафи чоруми миллӣ дар паёми имсолаи худ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад хабар доданд.
Воқеан, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бо нангу номус, ватандусту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат аст.
Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардида мардуми кишвар ба сўи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузорад.
Бо боварии зиёд гуфта метавонем, ки ин суханҳои роҳбари давлат дар ин раванд барои таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлоли ва пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, аз худ намудани ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии он равона гардидаасту ин иқдом аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб мекунад.
Паёми Президент, дар ҳақиқат аз ҷиҳати таҳлил вусъатнок ва илман асоснок буда, паём аз шукуфоии ватан ва ояндаи дурахшони кишвару халқи худ аст. Аз ин рў, Паём барномаи амали ҳар яки мову Шумо бояд бошад. Он бояд барномаи амалу фаъолияти ҳар фарди мамлакат бошад, то ки дар асоси он барои рўзгори осудаи худу фарзандон, шукуфоии диёр аз сидқи дил меҳнат кунанд. Танҳо дар ҳамин сурат орзуҳои наҷиби ҳар як шаҳрванд метавонад ҷомаи амал пўшад.
Ин Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимме, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян месозад, бояд мавриди омўзиш, тарғиб ва баҳрабардории ҷомеъа қарор гирад. Он ҳамчун дастури муҳим натанҳо барои ҳар як аъзои Парламент, балки ҳамаи шахсоне, ки вазифаҳои масъули давлатиро бар дўш доранд, дар таъмини амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад, дар баробари ин қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад, қайд карданд Пешвои милат.
Воқеан, амалисозии барномаҳои ҳукуматӣ имкон фароҳам овард, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7% афзуда, то чор баробар зиёд гардад. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 милиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло бошад дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Дар ин давра ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 милиард сомонӣ иншоотӣ хурду азими муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, истифода диҳад. Аз ҷумла, дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ содирот кардем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд: «Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98%-ро ташкил медиҳад».
Мусалам аст, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат дар ин самт пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.
Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат дар Паёмашон чунин зикр намуданд: «Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад». Ин, албатта барои дастгирии соҳибкорӣ ва ба рушди соҳаи сайёҳи нигаронида шудааст.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба дастовардҳои миллӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардад.
Чунин мешуморем, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароити имрўзаи ҷаҳони пуртазод нақшаҳои муҳимми давлату Ҳукумат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро хуб инъикос намудааст. Аз ин рў, ҳамаи мо дар ҳамбастагию ҳамҷоягӣ метавонем корҳои азими созандагиро ба анҷом расонида, ба ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллатамон бирасем.
Нурализода Амрулло Назрулло - н.и.и., дотсент муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.