Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.
Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид.
Ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи рӯйдодҳои дар ҳақиқат таърихии соли 2018 маҳсуб меёбад.
Ин рӯзро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун қадами бузург дар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат солҳои зиёд интизор буданд.
Сокинони кишвар хуб медонанд, ки барои расидан ба ин рӯзи муборак мо чандин сол заҳмат кашидем, мушкилоти зиёдро паси сар кардем ва ҳоло дар фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсии Ватани муқаддасамон бунёди ин иншооти азимро босуръат идома дода истодаем.
Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳкурсии боэътимоди ободиву сарсабзии фардои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиамон мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, ин боргоҳи нур манбаи таъмин намудани хонадони ҳар як сокини мамлакат бо равшаниву гармии доимӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумамон ба ҳисоб меравад.
Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ба тамоми мутахассисону бунёдгарони нурӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки шабонарӯзӣ дар ин арсаи заҳмати созанда корнамоӣ нишон медиҳанд ва ба кулли сокинони мамлакат барои саҳми ватандӯстонаашон дар бунёди ин иншооти тақдирсози аср миннатдории самимӣ баён менамоям.
Моҳи марти соли 2018 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар ҷодаи ҳалли яке аз проблемаҳои глобалии сайёра таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” пазируфта шуд.
Роҳҳои татбиқ ва ҳадафу вазифаҳои он моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муайян гардиданд.
Соли 2018 боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиши куллӣ ба амал омад.
Бо иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи мушкилоту масъалаҳои солҳои тӯлонӣ дар байни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл гардида, барои амалӣ шудани нияту орзуҳои деринаи халқҳои бародари мо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд ва муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуданд.
Бовар дорам, ки мардумони кишварҳои мо дар оянда низ анъанаҳои бисёрасраи хешутаборӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии некро устувор гардонида, ҳамкориро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ беш аз пеш вусъат мебахшанд.
Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, корҳои омодагӣ ба истиқболи шоистаи сисолагии ҷашни мубораку муқаддаси истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар оғоз гардиданд.
Итминон дорам, ки дар соли нави 2019 низ амалҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар дар бунёди иншооти гуногун вусъати бештар пайдо намуда, ба ин васила бисёр мушкилоти иҷтимоии дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат ҷойдошта бартараф карда мешаванд.
Ҳамватанони азиз!
Тоҷикон аз замонҳои қадимтарин мардуми ҳунарманду фарҳангдӯст буданд ва ҳамеша ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ арҷ мегузоштанд.
Ин хислати хуб ва шуғли ҳамарӯзаи гузаштагон, яъне ҳунару ҳунармандӣ дар байни мардуми мо ҳанӯз побарҷост.
Беҳуда нест, ки тарғиби касбу ҳунар дар адабиёти оламшумули тоҷик яке аз мавзӯъҳои асосӣ будааст.
Маҳз бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала мо соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем, ки ба шарофати ин иқдом на танҳо шумораи зиёди иншооти соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт хеле боло рафт, балки доир ба эҳёи касбу ҳунарҳои фаромӯшшуда чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Мо мақсад дорем, ки бо ҳамин роҳ бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолиро бартараф намоем ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам орем.
Бо мақсади идома додани ин раванд, мо солҳои 2019-2021 — ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем.
Доир ба дастовардҳои сол ва вазифаҳои дарпешистода чанд рӯз пештар дар паёми худ ибрози назар карда, таъкид намудам, ки мо ҳама якҷо бояд содиқона заҳмат кашида, Ватанамонро обод ва давлати соҳибистиқлоламонро нерӯманду пешрафта гардонем.
Мо вазифадорем, ки бо саъю талоши аҳлона нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Дар шароити ниҳоят пуртазоду ҳассоси ҷаҳони муосир тавассути бунёди қасру марказҳои фарҳанг, осорхонаву китобхонаҳо, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, таҷлили солгарди бузургони илму адабиёт баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, тарғиби илму донишҳои муосир, густариши худшиносии таърихиву фарҳангӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо аҳаммияти хосса дорад.
Зеро чунин иқдом роҳи бисёр муассири истодагарӣ кардан ба оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, забони давлатӣ, расму ойин, суннату анъана ва одобу ахлоқи ҳамидаи халқамон мебошад.
Дар ин раванд, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем.
Эътимоди комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи халқи шарафмандамон ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2019 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти мамлакат, ҳамчунин, ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2019 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
31.12.2018, шаҳри Душанбе