БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз Паём то Паём зиндагии сокинони мо рангинтар гардида истодааст

Ш.ШОҲИН. Метавон гуфт, ки аз Паём то Паём дар натиҷаи тадбирандешӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият, инчунин имконияти истифодаи самаранокии захираҳои мавҷуда дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.

Дар як муддати кӯтоҳ симои маъмурии маркази ноҳия куллан дигар шуда, қомат афрохтани биноҳои гуногуни баландошёнаи гуногуни хусусию маданӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, мумфарш кардани кӯчаҳои марказии ноҳия ва насби таҷҳизоти равшаннамоӣ бозгӯи иҷрои саривақтии вазифаҳои дар Паём дарҷшуда мебошад, ки имрӯз самар дода истодаанд

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Маркази саломатии деҳаи Зулмобод бо кормандону пизишкони муассисаи мазкур вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Неъматов Абдулҷаббор ва раиси ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» Раҷабзода Ҳисайн иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадҳо фарогири мавзӯъҳои рузмарра тарғиби тарзи ҳаёти солим, мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва масъалаҳои доғи рӯзро дар бар мегирифт.   

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg