А.ҶОМӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзоев Холмурод-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, Самадзода Саёҳат-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон»-и кӯчаи ба номи Пушкини ҷамоати шаҳраки А.Ҷомӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ, таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», вохӯрӣ гузарониданд.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони деҳаи мазкур оид ба якҷоя ҳал кардани мушкилоте, ки дар маҳал ҷой доранд, тозагию ободонии маҳали зист, созандагию шукуфии Ватани азизамон маслиҳатҳои муфид доданд.