БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалишавии аксияи ҳизбии тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!»

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и ноҳия Аксияи тарғиботи –амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр  баргузор гардид.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун 6-нафар ятимон ва 1-нафар собиқадори ташкилотро дар арафаи Соли нави мелодии 2019 бо туҳфаи солинавӣ ва дастгирии молиявӣ шод карданд.

Дар чорабинӣ Шомаҳмадова Ҷумаъгул қайд карданд, ки Аксияи тарғиботии – амалии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Дар фарҷоми чорабини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта ба ташкилкунандагони чорабинӣ минатдори баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg