Н.ХУСРАВ. Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12 .2018 пешниҳод намуданд, ки маҳз аз баракати сулҳу оромӣ мо тавонистем рушди иқтисоди мамлакатамонро боз ҳам беҳтар намоем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохторҳои давлатамонро устувор созем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон шароит фароҳам овардем.
Бо мақсади ҷаҳду амали созанда ва сафарбар намудани сокинон ба корҳоои бунёдкорона, ҷиҳати рушди минбаъдаи давлату кишварамон, дар амал татбиқ намудани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати иҷрои Ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи ба номи Ҳамро Олимов бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ бо мақсади ба мардум аз наздик расонидани тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, таҳлили дурусти супоришҳои дар Паём зикргардида ва бо таври густурда шарҳу тавзеҳи онҳо баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12. 2018 аз пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии башорат дода, ҳар як фарди бонангу номуси Ватанамонро водор месозад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки он саҳми босазои худро гузорад.
Инчунин, Сарвари давлат ба соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, аз соҳибкорон оид ба истеҳсоли молҳои рақопатпазир ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо, зиёд намудани содирот ва кам кардани воридотро барои пешрафти иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи некҷӯаҳволии мардум супоришҳои дахлдор доданд.