БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Президент дар қалби мардум умед ба ояндаи нек бахшид

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №10” хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин хониши сиёсӣ  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ва Абдураҳмонов Ҷамшедҷон дар назди иштирокдорон  атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018  суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Моро зарур аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ андешем.

Ҳамчунин, атрофи масъалаҳои таълиму тарбия, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат махсус, қайд намуда буданд, ибрози андеша карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg