БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷавонон-Созандагони Ватан кишварамонро ободу зебо мегардонем

ПАНҶ. Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Панҷ дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегиҳои умумӣ баргузор карда шуда истодааст.

Ҳизбиёни муассисаҳои таълимии №2 ва №1-и шаҳраки Панҷ, ки аксаран ҷавононанд чунин ташаббуси ватандӯстонаро бо хушнудӣ пазируфта, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҳашари умумӣ бо тоза кардани заминҳои назди муассиса фаъолона иштирок намуданд.

Дар ин  шанбегиҳои умумӣ  иштирокчиён бо шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда  ва ороишӣ, нарм  кардани бехи дарахтону ниҳолҳои гуногун, тоза кардани заминҳо аз алафҳои бегона, ҷўйборҳои обгузар аз партовҳо машғул шуданд.

Чунин ташаббусҳои неки ҳизбиён дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg