БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа

ДАНҒАРА. Соли 2018 - ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташаккули инфрасохтори соҳа нақши муассир гузошта, ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мусоидат намуд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ дар доираи имкониятҳои маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ ва мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур имкониятҳои соҳавии маҳал  ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ бо вижагиҳои хоссаи хусусияти маҳалӣ дошта, дар намоиш ҷойгир шуда буд. Иброз гардид, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин итминон ба пешрафти  соҳаҳои дигар дониста мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg