БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафи ҳизбиён меафзояд

КУШОНИЁН. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёд намудани сафи ҳизбиён аз ҳисоби шахсони бонуфуз ва садоқатманду ватандӯст  мебошад. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён аз ҳисоби омӯзгорону табибон,саҳмдорони хоҷагӣ ва намояндагони касбҳои гуногун рӯз аз рӯз афзуда истода, ба аъзои нави ҳизб сари вақт шаҳодатномаи ҳизбӣ дастрас карда мешавад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 – и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 – уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карданд.

Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ масъулин ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорида, таъкид карда шуд, ки дар таълиму тарбияи наврасон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо саҳми арзанда гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg