
А.ҶОМӢ. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ташкилоти ибтидоии«Бӯстон-1» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаҳмонидани моҳият, аҳамияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурӯстӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас бамиёнгузошта суҳбат гузаронида шуд.
Инчунин, аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомадагонро оид ба ҷалб намудан ба корҳои созандагӣ, бунёдкориву ободонӣ ва шукуфоии маҳлли зисти худ даъват ба амал оварданд.