
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26- уми декабри соли 2018 бармеояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карданд.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ масъулин ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорида, таъкид карданд, ки дар таълиму тарбияи наврасон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо саҳми арзанда гузоранд.