БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро бо хушнудӣ пазируфтанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи                                      ба номи   Абдуназар Соҳибназарови ҷамоати шаҳраки Обикиик оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба фаъолият оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ибрози андеша карда, инчунин моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба сокинон фаҳмониданд. Пас аз суханрониҳои судманд иштирокдорон  иброз доштанд, кидар татбиқи Аксияи ҳизбӣ, ки барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зист, обод кардани  гӯшае саҳм хоҳанд гузошт.

Дар охир ҳамагон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки занони ҳунарманди маҳалла бо шавқу завқи зиёд ба намоиш гузошта буданд, дидан карданд.

Дар чорабини иштирокчиён бо руҳи идона иштирок намуда, шукргузори аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg