ХОВАЛИНГ. Дар гимназияи давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёси доир гашт.
Дар назди ҳозирин мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия Ш. Набиев суханрони намуд. Аз баромад аъзоёни ҳизб оиди дастуру супоришҳое, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеояд - истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳҳои мубориза ба терроризм ва экстремизм, зарар ва оқибати пайравӣ намудан ба фарҳанг ва урфу одати бегона, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, пегирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, истифодаи мақсадноки технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, оқибати фоҷиабори нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои коррупсионӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ ва дигарҳо маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Дар хониши сиёсӣ аъзоёни ҲХДТ Х.Мирҷонов, Т.Маҳмадалиев, Ш.Судурова ва чанде дигарон баромад намуда, иҷрои талаботҳои самтҳои мазкурро ба манфиати кор ва ҷомеа арзёбӣ намуданд.