БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбе, ки ҳаст маромаш ба коми халқ...

ҲАМАДОНӢ.Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо раисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони Кумитаи деҳаю маҳаллаҳо ва фаъолони  ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба шиносоӣ бо номгӯи корҳое, ки  ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи  ҷадвали  баргузории чорабиниҳои сатҳи маҳал бояд дар нимсолаи аввали соли 2019 бо ҷамъи оммаи васеъи сокинон анҷом дода шаванд, баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки  солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли  рушди деҳот ,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардид.

Дар ҳамин асос мо бояд ба корҳои ободонию созандагӣ ва ҷалби соҳибкорон шахсони саховатпеша  ҳамзамон бо  ташаббуси аҳли ҷомеа  камари ҳиммат баста,  барои бунёди иншоотҳои  соҳаи иҷтимоӣ,  алахусус  бунгоҳи тиббӣ,  кошонаи ҳусн, дорухона, ҳамом, майдончаи варзишӣ ва ғайраҳоро ба нақша гирифта,  давоми 3 соли оянда бояд ба истифодаи умум диҳем зеро, ки  Пешвои миллат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg