ПАНҶ. Ҳизбиёни ноҳияи Панҷ бо ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ироа гардида буд роҳпаймои доир намуданд. Ҳама иштирокчиён бо иштирокашон дар ин ҳамоиши идона аз сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳизби мо ҳизби ҷомеаи демократӣ ё худ ҳизби зодаи истиқлолият мебошад. Он тавонист дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, бунёду танзими сохторҳои гуногуни давлати навини тоҷикон саҳми муҳиму арзанда гузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт. Ин ҳизб мардумӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, иҷтимоӣ ва ягона, рушди усутвори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият намуда, нияту ормонҳои мардумро амалӣ сохта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мост, мо низ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастем!