БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2018

МӮЪМИНОБОД. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандону фаъолони ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳрак» маҷлиси  ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти солонаи  ташкилоти мазкур дар соли 2018 доир гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати шаҳрак»    С.Мирзошарифзода иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Дар маҷлис аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилот С.Мирзошарифзода дар бораи  фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ ибрози ақида карда, қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва иштироки васеъи аъзои ҳизб дар давоми соли ҷорӣ чорабиниҳои зиёди  фарҳангию сиёсӣ гузаронида шуд.

Аз ҳисоби фаъолони ҳизб ва ҷавонон гурӯҳҳои  таблиғотӣ созмон дода, дар ҳамаи кӯчаҳои ҷамоати шаҳрак корҳои оммафаҳмонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар фарҷом Салоҳиддин Мирзобаротзода бештар оид ба  пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти ҳизбиён ҳифз ва ҳимояи фарҳангӣ миллӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби занону ҷавонон ба сафи ҳизб, сифати қабул ба сафи ҳизб ва  расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg