БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат- Паёми роҳнамо

КУШОНИЁН. Санаи  26-уми  декабри соли равон, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвари азизамон ироа гардид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд. Паём барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ роҳнамо ва ҳидоятгар барои пешбурди кору фаъолият ва зиндагӣ мебошад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳамчун санади тақдирсоз ва нақшаи муккамали санҷидашуда ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ироа мегардад. Дар Паём Пешвои миллат фаъолияти ҳамаи бахшу соҳаҳои мамлакатро дар соли гузашта дар муқоиса  бо  солҳои каблӣ  ҷамъбаст намуда, вазифаҳои навбатиро, ки ба таъмини  ҳадафҳои стратегии давлатамон ва дар ин замина барои расидан ба  зиндагии арзандаву шоистаи ҳар як сокини кишвар  мусоидат хоҳанд кард, пешниҳод менамоянд. Тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар ҳамасола Паёми Президентро бо эҳсоси баланди ватандӯстона, созандаву бунёдкорона, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати фарзандӣ   пазируфта, барои амалишавии он саъю талош варзида, ҳамсафу ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат  мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg