БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кормандони соҳаи тандурустӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри афзоиш додани шумораи аъзои ҳизб-ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа  дар шуъбаи ёрии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти китоби «Одобномаи корманди ҳизбӣ» ба иштирокдорон фаҳмонида дода шуд. Мудири шуъбаи ёрии иҷтимоӣ дар хона Саидов Маҳмадраҷаб оид ба  фаъолияти  шуъба, амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар соли 2018 андешаҳои хешро баён намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор хоҳем дод.

Инчунин, дар идома  3 нафар кормандоне, ки тоза ба кор қабул карда шудаанд, ба сафи пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg