
ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниӽои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Дандонпизишк» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин атрофи самтӽои фаъолияти ӽизбӣ ва оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон суханронӣ намуда, иброз карданд, ки дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва беҳбудии назарраси муносибатҳо бо Ӯзбекистон се дастоварди бузург дар соли 2018 мебошад.
Ӽамзамон, Сафарова Ӽафиза дар бораи суханронии Пешвои миллат, ки доир ба соҳаи тандурустӣ вобастагӣ дошт, ёдовар шуда, кормандони ташкилоти ибтидоии мазкурро барои дар сатӽи баланд хизмат расонидан ба мардум ва дар касби худ содиқона ва поквиҷдонона кор ва фаъолият намудан даъват ба амал овард.