БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём: Рушди иқтисодиёти миллӣ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар

ВАХШ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб  дастаҷамъона тамошо карданд.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дарбар гирифтааст.   Дар Паём дар бораи рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар,  истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳалли барномаи озуқаворӣ  сухан рафт. Боиси қаноатмандист, ки мардуми мо ба ҳадафҳои зикргардида ноил шуда, имкон доранд, ки онҳоро боз ҳам рушду такоммул диҳанд.
Дар Паём дар бораи омӯзиши забонҳои, русӣ ва англисӣ, баланд бардоштани дониши хонандагон ва сокинони кишвар, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон, рушди соҳибкорӣ, хизматрасонии бонкӣ, тарбияи насли наврас, вазъи сиёсии ҷавонон  ва дигар соҳоти ҳаёти мардум бо далелу рақамҳо сухан рафт.

Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи Барномаи миёнамуҳлати ташаббуси Тоҷикистон ва Президенти он дар масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» барои мардуми мо хушхабаре буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg