БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳнамои рӯзгори неку пурсаодати сокинони кишвар

БОХТАР. Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир карда шуд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   масъалаҳое, ки ба рушду пешрафт ва боз тараққӣ намудани   соҳаҳои  муҳимм барои хоҷагии  халқи  кишвар  марбут аст,   мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру  супоришҳои мушаххас доданд.

Аз суханрониҳои Роҳбари давлат дар Паём кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  руҳбаланд гардида,  тасмим гирифтанд, ки  дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кору фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.

Чунин тамошои  дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣбо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  роҳандозӣ карда шуд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg