БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли сипаришаванда соли накӯ ва хотирмон буд

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷамоати деҳоти Маданият баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат, сарварони муассисаҳо ва вакилони мардумии ҳудуди ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ дар ҳамбастаги бо раисони ташкилотҳои ибтидои ба нақша гирифтани амалҳои созанда дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” буд, ки ин амалҳои созандаи пешниҳодшуда бояд дар заминаи нақшаи чорабиниҳои 6-моҳаи аввали  соли 2019 иҷро карда шаванд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия аз дастовардҳои бадастовардаи ҳизбиён дар давоми соли 2018 муфассал баромад карда соли 2018-ро дар ҳаёти ҳар як сокини ноҳия соли неку хотирмон арзёби намуд.

 Дигар иштирокчиён низ бо таклифҳои созанда баромад карда пешниҳодҳои худро дар самти баргузории Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар сатҳи маҳал баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg