БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар, ки хандонат ятими хастаро...

ШАҲРИТУЗ. Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ дар назди Арчаи марказии ноҳияи Шаҳритуз базми солинавӣ барои маъюбону кӯдакони боғчаҳои бачагонаи ноҳия бо ташаббуси ҶДММ  «Шифо» ва КИ ҲХДТ дар ноҳия роҳандозӣ гардид, ки дар ин базми солинавӣ хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуд.

 Дар базми солинавӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд аз шаҳраки Шаҳритуз ва тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷамъ оварда шуданд.

Чорабнии фарҳангиро ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо сурдутаронаҳои идонаи дилнишин рангу тобиши хоса доданд. Кӯдакон зери навоҳои дилошӯби ҳунармандон рақсу бозӣ ва  хурсандӣ намуданд.

Бади анҷоми базми солинавӣ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Шифо», сарвариашро зодаи ҳамин ноҳия Шоҳмансурова Наргиза  ба уҳда дорад,  ба кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Инчунин,  дар арафаи Соли нави 2019  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  худро дар канор намонда, чун дигар ташкилоту муассисаҳо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  якдилона дастгирӣ карда, ба кӯдакони маъюб, яъне имконияташон маҳдуд   туҳфаҳои  солинавиро тақдим кард.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg