БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХОВАЛИНГ. Бо ибтикори кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия  ба ифтихори Рӯзи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир карда шуд.

Дар назди ҷамъомадагон мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш.Набиев баромад намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таълиму тарбия дар муассисаҳо таҳсилоти миёна ва олӣ, аз худ намудани илму дониш, забонҳо, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ, илмҳои дақиқ, интихоби касбу ҳунари дилхоҳ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба забон фарҳанг ва урфу одати миллӣ, риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ ва дигар бандҳои Паём сухан ронд.  Дар баромад ҳамчунин дар бораи эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мазмуну мундариҷаи он маълумоти муфассал дода шуд.

Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои ёздаҳи муассиса фаъолона иштирок намуда,  дар бораи Нишони давлатӣ, Парчам, Суруди миллӣ шеърҳо қироат намуданд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ ҳам бисёр ҷолиб, пурмазмун ва аз ҷиҳати тарбиявӣ хеле муфид буд.

Бобоварӣ қайд намудан мумкин аст, ки шеъру тарона, рақс ва саҳначаҳои тайёрнамудаи хонандагон дар боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми хонандагон ба рамзҳои давлатиамон мусоидат менамояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия омӯзиши Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар  байни хонандагони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ ба роҳ монда, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» - ро барои омухтани илму дониш руҳбаланду сафарбар менамояд. Ба он ноил мегардад, ки дастпарварони таълимгоҳҳо Ватани азизи худро дӯст доранд ва ба он фарзандвор хизмат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg