БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолиятро сазовор пешвоз мегирем

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлатҷон бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода оид ба ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ намуда,  оид ба чорабиниҳое, ки барои нимсолаи якуми соли 2019 пешбинӣ шуданд, суханронӣ кард.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо бо номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи ҷадвали чорабиниҳои сатҳи маҳал бояд дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеъи сокинон анҷом дода шаванд, шинос гардиданд.

Инчунин, зимни суханронӣ қайд гардид, ки иҷрои ин чорабиниҳо баҳри амалишавии нақшаи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg