БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Даҳана” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми худ баён доштанд, ки “Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд”.

Яъне ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид. Ва дигар дастоварде, ки дар соли ҷорӣ ба миён омад, ин робитаи дӯстона пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикиситон бо кишвари ҳамсарҳаду ҳамтаърихи мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки дар Паём муҳимму саривақтӣ аз тарафи Роҳбарияти Олии кишвар гуфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg