БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат - сармашқи кору фаъолияти ҳар як шаҳрванд аст

ҚУБОДИЁН. Ҳамасола сокинони кишвари азизамон ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашанд.

Зеро дар он фаъолияти яксолаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, аз бурду бохт, мувафаққияту камбудии соҳаҳо маълумот дода мешавад.

Чун ҳамасола субҳи 26 декабр аз тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Бинобар ин, бо мақсади дастрасии саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён тамошои дастаҷамъонаи кормандон ташкил карда шуд.

Инчунин,  дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён тамошои дастаҷамъонаи Паёми

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бо сарбаландӣ  пазируфта, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи  худ барои соли оянда қарор додад ва барои иҷрои он тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода  хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg