БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Алҳазар аз наҳзатиёни лаънатӣ

ВОКУНИШ. Таҳти ҳамин ном бо ибтикори кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Саидмаҳмудов ва С.Сатторов дар китобхонаи марказии ноҳия ба аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб суҳбат доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Сатторов баромад намуда, қайд намуд, ки ташкилоти экстремистии ҲНИТ аз он ташкилотҳоест, ки дар кишварамон мазҳабу равияҳои бегонаро паҳн намуда, барои расидан ба мақсади нопокашон ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуда, ба табадуллоти давлатӣ даст заданд.

Аксари корҳое, ки наҳзатиён ба анҷом мерасониданд, бо ваъда ва пардохти маблағ анҷом дода мешуд. ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Ховалинг аъзои зиёд надошт. Вале дар ҷамъомадҳое, ки мегузарониданд, бештар занони хонанишин иштирок менамуданд.

Дар гузашта аз занҳое, ки аз конфронси ТЭТ ҲНИ баромада буданд, сабаби аъзои ТЭТ ҲНИ буданашонро пурсидам. Онҳо ҳама чунин ҷавоб доданд, ки аъзои ягон ҳизб нестанд. Гуфтанд, ки барои иштирок дар ҳамин маҷлис ба онҳо маблағ ваъда карданд ва мо ба хотири 70 – сомонии ваъдакарда, ки алакай ба мо пардохт намудаанд, дар ин маҷлис иштирок намудем.

Ин як мисоли оддӣ далели он аст, ки ҳама кору амали наҳзатиён ба дурӯғ сар шуда, ба дурӯғ анҷом мепазируфт.

Далели фаъолияти дурӯғини онҳо он ҳам ҳаст, ки мақсади ниҳоии худро, ки бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд, то оғози табадулоти давлатӣ расман пинҳон медоштанд. Аммо ғайрирасмӣ ин ба ҳама маълум буд.

Чунончӣ боре собиқ раиси ноҳияи Ховалинг Ёқуб Боронов аз раиси ТЭТ ҲНИ дар ноҳия марҳум М. Қараев мақсади ниҳоияшонро мепурсад.

Ӯ иқрор мекунад, ки мақсадашон бунёди давлати исломист. Ин гуфтугузор дар ибтидои фаъолияти ҲНИ буд.

Дар охир собит шуд, ки мақсаду мароми наҳзатиёни лаънатӣ табадуллоти давлатӣ ва бунёди давлати исломист. Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд. Ба шармандагию бадномӣ нигоҳ накарда, имрӯз роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа ба гадоӣ нишаста бо маблағҳои аз хоҷагонаш талабида гирифта,бо сомонаҳои таъсисдодааш сӯи давлату миллати тоҷик санги маломат меандозад. Ин сангҳо албатта, ки боз гашта ба сари худашон мезананд, вале феъли бади хиёнатпешагӣ, ки доранд ва беномус ҳастанд, аз ин амали нангинашон даст намекашанд. Сокинони мамлакат бошанд дигар онҳое нестанд, ки ба дурӯғбофиҳои душманони миллату давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бовар кунад.

Сафар Қаюмов – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg