БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА МО ДЕМОКРАТИЯИ ТЕРРОРРО ТАҲМИЛ КАРДА НАМЕТАВОНАНД!

ВОКУНИШ. Чандест анҷумане бо ном озодандешони тоҷик, ки дар худ хоинону ҷинояткоронро муттаҳид кардааст дар фазои маҷозӣ гардиш дорад. Аз оғози пайдоишашон маълум буд, ки онҳо як гуруҳаки манфиатҷӯи аз берун идорашаванда мебошанд. Магар чунин чухтакҳоро мешавад озодандеш гуфт? Ҳаргиз!!!   Агар андешаҳояшон ҳақиқатан озод бошад, чаро дар кишварҳои бегона гардиш доранду идеологияи бегонаро тарғиб мекунанд? Магар мумкин аст паси пардаҳои тори утоқҳои кории бо маблағҳои душманони миллати тоҷик ба иҷора гирифташуда ҷой гирифтаву “озод” андешид? Оё эшон озоданд? Аз чунин разолату пастӣ беҳтар мебуд барвақттар худро ба дузах мерасониданд, то аз ин бештар гуноҳ накунанд.

Мо дар ҷамъияте зиндагӣ дорем, ки бо роҳи демократӣ пеш рафта истодааст. Албатта на он демократияе, ки хоҷагони ин “озодандешон” мехоҳанд – мисли демократия Сурияву Ливияву Ироқ. Ба мо демократияи террорро мисли солҳои навадум ҳеҷ гоҳ дигар таҳмил карда наметавонанд. Албатта, пешравиҳои мо бе душвори нест. Баъзан лозим меояд каландеро, ки заминро нарм карда кишт карда истодаем, аз кори асосиаш бекор карда, бардошта ба даҳони девонасагоне мисли Сайидюнусу Кабириву Назарзодаву дигар сагбаччаҳояшон занем, то дандонҳои заҳролудашонро ба поямон нахалонанд. Баъзан ба монеаъҳои сунъии хоҷагонашон рӯ ба рӯ меоем. Аммо ҳеҷ гоҳ ин тоифа миллати тоҷикро аз роҳи пешрафту созандагӣ боз дошта наметавонад.   Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи чорабиниҳои созмонҳои ҷаҳонӣ иштирок дораду соҳиби обурӯ аст ва пешравиҳои он аз тарафи ҳаммаи ташкилоту созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию илмӣ эътироф гардидааст. Ба ҷуз чанд созмони ҳангомаҷӯву пурғараз, ки ҳеҷ чиз онҳоро қонеъ кунонида наметавонад.

Бо ин вуҷуд ҳоло Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон мешиносад ва ба тасмимҳояш эҳтиром гузошта, пешниҳодҳояшро дар сатҳи глобалӣ дастгирӣ ва татбиқ менамояд, ки ин аз талошу кӯшишҳои сарвари давлатамон аст. Ба туфайли сиёсати оқилонаи Ҷаноби Олӣ имрӯз бо кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ муносибатҳои хуб барқарор гардид. Магар ин пешравӣ нест?

Ба соҳаи маориф менигарем. Садҳо мактабе, ки ҳатто дар замони шӯравии абарқудрат дар вагонҳо буданд, аз вагонҳо бароварда шуда, ҷойи онҳоро мактабҳо бо биноҳои муҳташам гирифтааст. Низоми Маркази милли тестӣ шаффофтарин усули дастрасии гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ аст. Тавасути ММТ ҷавононе, ки ба донишгоҳҳо дохил шуданро то соли 2014 ҳатто орзу карда наметавонистанд бо донишу саводи худ донишҷӯ шуданд. Ҳар сол чандин ҷавонон тариқи квотаи Президенти  дастгирӣ мебинанд, ки ин ҳам ғамхории махсуси роҳбари давлатамон аст. Ҳама ин пешавиҳоро мебинанду эътироф мекунанд, ба ғайр аз куру курдилоне мисли Сайидюнус!

“Озодандешон”-и ноозод худро ҳимоягари манфиатҳои мардуми Тоҷикистон эълон кардаанд, вале фоидаи худро аз зарарашон фаҳмида наметавонанд. Ба қавли мардум, ин бечораҳо моҳияти шаклгирии саргини говро аз гусфанд фарқ карда наметавонанду ҳавои нафаси ифлосашон дар осмон.

“Озодандеш”-и асолатбохта ҳеҷ фаҳмида наметавонанд, ки мо миллати тоҷик давлатсозиро аз сифр сар кардем. Акнун, ки имрӯз дар болои дастархони мо нон омад, мехоҳанд моро мисли худ “озодандеш” карда, ба доми демукросии хунини худ афтонанд.

Саъдии бузургвор дуруст гуфтааст:

Занбӯри дуруштӣ бемуруватро гӯй:

“Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!”

Аммо ин бадбахтони “озодандеш”-у наҳзатиҳои лаънатиро дигар на нешашон дар ихтиёрашон асту на нешашон. Зеро ғуломанд!!!               

Бобоҷон ҲАНИФБОЕВ, аъзои фаъоли ҲХДТ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44, ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg