БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём мужда аз ояндаи неки Тоҷикистон аст

Ш.ШОҲИН. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардумро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минъбада ҷиҳати пойдорӣ ва устувории амнияти  Ватан рӯшан месозад.

Татбиқи амалишавии Паём як солро дар бар мегирад ва на дар ҳама давлатҳои сайёра ироа мегардад. Паём дар давлатҳое ироа мегардад, ки аз давлату миллати хеш боварии қавӣ доранду сокинонаш дар як фазои амну осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аз он аст, ки ҳар сол дар Ватани азизамон Паёми Пешвои миллат  ироа мегардад.

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои хабарӣ мустақиман пахш гардид. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳуҷраҳои махсус оинаи нилгун насб карда шуда, дастаҷамъона Паёмро мустақиман тамошо намуданд.

Аз ҷумла, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо дили гарму меҳри беандоза ба давлату Пешвои хирадмандаш  Паёмро тариқи пахши мустақим  тамошо намуданд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg