БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

А.ҶОМӢ. Ҳадафи амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия, боз ҳам устувор намудани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳри созандагиву ободонӣ ва дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳое дар маҳал ҷой доранд, тамоми кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Аз ин ҷост, ки дар ташкилоти ибтидоии «Ш.Шоҳтемур-1»-и кӯчаи Фрунзеи ҷамоати шаҳраки А.Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимов Ҳоқим- муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ бо сокинони кӯчаи номбурда вохӯриро баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот дар баробари фаҳмонидани моҳияти Аксияиҳизбӣ, оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Итсиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба нахустин сафари кории Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои судманд баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg