БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём- роҳнамо барои ҳар як фарди кишвар

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Хализода Сафар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диққат тамошо намуданд.

Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дарбар гирифтааст. Дар Паём дар бораи рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар -  истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳалли мушкилоти озуқаворӣ сухан рафт. Боиси қаноатмандист,  ки мардуми мо ба ҳадафҳои зикргардида ноилшуда, имкон доранд, ки онҳоро боз ҳам рушду такоммул диҳанд.

 Инчунин, дар Паём дар бораи омӯзиши забонҳо, алалхусус забони русӣ ва англисӣ, баланд бардоштани дониши хонандагон ва сокинони кишвар, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон, рушди соҳибкорӣ, хизматрасонии бонкӣ, тарбияи насли наврас, вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар соҳоти ҳаёти мардум бо факту рақамҳо инъикос карда шуд.

Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи Барномаи миёнамуҳлати ташаббуси Тоҷикистон ва Президенти он дар масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»  барои мардуми мо хушхабаре буд аз афзудани обурӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2019 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон дошта шуд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Паёмро роҳнамои худ дониста, дар соли 2019 фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои он ба роҳ мемонанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg