БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат вазифаҳои навбатии моро барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият муайян кард

ҲАМАДОНӢ.Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба мақоми Қонунгузор ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид, дастаҷаъмона тамошо карданд.

Дар Паёми Пешвои миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ироа гашт. Паёми имсолаи Пешвои миллат бо пайки шодию сурур аз истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ талаби замон мебошад. Мо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  аъзо ва ҷонибдорони ҳизби пешоҳанг ва ояндасоз кӯшиш менамоем, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни воқеан тақдирсози миллат 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созандагию бунёдкорӣ сазовор истиқбол гирем. Ҳамзамон Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика роҳу нақлиёт амнияту мудофиа ҳифзи ҳуқуқу тартибот тандурустӣ фарҳанг, илму маориф ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷавонон,  варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки мо масъулинро мебояд сари ин масъалаҳо ҷиддӣ машғул шуда, таъмини онро самти фаъолияти худамон давра ба давра дар амал татбиқ намоем зеро, ки рисолати мо ҳизбиён ҳамин мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg