БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо хушнудӣ пазируфтанд

ФАРХОР. Дирӯз ҳизбиёни ноҳияи Фархор бо руҳияи болида Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.

Бо дастури роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳандозӣ гардида, аз тамошои  Паём таассуроти нек бардоштанд.

Тавре аз хулосабарориҳои фаъолони ҳизб бармеояд, Паёми имсола хело фарогир ва матраҳкунандаи тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқи мамлакат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва пешрафти минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг барои солҳои оянда мушаххас гардид. Махсусан, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ҳамагон  хуш пазируфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg