
МӮЪМИНОБОД. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки 225 нафар фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Инчунин, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия», «Госпитал», «Муассисаи хизматрасонӣ дар хона», «Маркази кӯмаки аввалияи тиббӣ», «Бахши фарҳанг» ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия тамошои якҷоя ташкил карда шуда, аз рафти суханрониҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони азиз равона гардида буданд, бо руҳу илҳоми тоза огоҳӣ пайдо карданд.