БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омма ба роҳ мондаанд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Озодӣ»-и кӯчаи Озодии  ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба иҷроиши ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонони маҳалла бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷамъомад доир гардид.

Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва Ҷамолиддини Маҳмашариф мутахассиси шуъбаи ташкилӣ дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин дар бораи дар амал татбиқ намудани Аксияи мазкур ва дар якҷоягӣ ҳал кардани мушкилотҳо баҳри ободу зебо гардонидани маҳҳали ҷойи зист баромад карданд.

Инчунин, баромадкунандагон иброз доштанд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, ҳар як сокини маҳалла бояд саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg