![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20181226_102738.jpg?itok=cWQy68pz)
ҶАЙҲУН. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа», "Раёсати молия", «Зарзамин», «Маркази саломати», «Шифо», «Касбомӯз» ва дигар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун тамошои дастаҷамъонаро аз рафти Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 ба роҳ монданд.
Дар тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи телевизион аъзои ҳизбро дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳалллаҳо ва корхонаву муассисаҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамроҳи намуданд.
Сокинони сарбаланди ноҳия Паёми навбатии Пешвои миллатро “Паёми роҳнамои миллат” унвон карданд.