КӮЛОБ. Пешвои миллат ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд.
Ҳамасола ироа шудани Паёми Сарвари давлат аз устуворона рушд кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар ин росто дар асоси дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Воқеан, Паём дастуру ҳидоятҳои созандае мебошад, ки ҷомеаро роҳнамоӣ месозад.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро дар ҳамбастагӣ тамошо намуданд.