БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-дурнамои созанда барои рушди кишвар

ДӮСТӢ.  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  асоси рушду пешрафти кишвар, таҳким ва густариш дар рушди иқтисодиёт, болоравии фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии қишлоқ мансуб меёбад.

Рамзист, ки дирӯз тариқи  пахши мустақим аз рафти Паёми Пешвои миллат  дар  шабаккаҳои телевизионӣ ва радио пешкаши мардум гардонида шуд. Оид ба ин санади роҳнамунсоз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи нақшаи корӣ ба  ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барқияи телефонии ирсол намуда, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба тамошои пахши мустақим фарогир намуд. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зиёда 16 ташкилоти ибтидоӣ теъдоди 215 нафар сокинон  Паёми Пешвои миллатро тамошо намуданд.  Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг», «КАТС», «Нозироти андоз», «Беморхонаи марказӣ», «Молия», «Идораи Барқ», «МНДСЭ», «Ҷамъияти матлубот» ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастаҷамъонаи Паёми навбатии Пешвои миллатро  бо ҳисси баланди ватандӯстона тамошо карданд.

Инчунин, аз тарафи масъулин ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар маҳалу деҳот буда, даъват ба амал оварда  шуд, ки  онҳо низ пахши мустақимро ба пуррагӣ тамошо намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg