![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/viber%20image_6.jpg?itok=qmU8YAah)
ДАНҒАРА. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пайғоми нек аз дастовардҳои соли сипаригардида ва ҳидоят ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
Тамошои дастаҷамъонаи Паём аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, ки аз тамошои Паёми Пешвои миллат кормандон таассуроти нек бардошта, боз ҳам барои рушду пешрафти Ватан ба ҳамагон руҳу илҳоми тоза бахшид.