БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат роҳнамо ба ояндаи неку дурахшон!

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбу сокинон санаи 26-уми декабр бо руҳи баланд Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона ва мустақиман тамошо карданд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия аз рафти тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ғизои маънавӣ гирифта он дастуру супориш ва ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои миллатро, ки ба некӯаҳволии сокинон ва рушди деҳоту тамоми хоҷагии халқи мамлакат равона гардида буд, сармашқи кори худ карда, дар ин роҳ бо корҳои амалӣ садоқати худро дар оянда нишон медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар дар тамоми ташкилоту муассиса ва ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳои ноҳия мустақиман ба роҳ монда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg