БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот-асоси фаъолияти ҳизб аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мирзо Турсунзода-1»-и кӯчаи Крупскаяи  ҷамоати шаҳраки А.Ҷомӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат-мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ   ва Ашӯров Суннатулло-мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  Ҷамолидини Маҳмадшариф мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсиро баргузор намуданд.

Дар хониши сиёсӣ дар бораи ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ҳамчун мактаби мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маълумот доданд. Аз ҷумла, оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg