БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалишавии Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!»

ҶАЙҲУН. Санаи 26 декабри соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Гулзамини Ҷамоати деҳоти «Яккадин» Аксияи тарғиботии–амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Куганов Шукрулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва сокинони деҳаи болозикр баргузор гардид.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Куганов Шукрулло ба 8-нафар оилаи ниёзмад дар арафаи Соли нави мелодии 2019 кӯмаки модди расонида шуд.

Дар рафти баргузории чорабини Сабурзода Насим қайд карданд, ки Аксияи тарғиботии-амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg