БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асоси Паём таъмини зиндагии шоистаи мардум аст!

 ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвари азизамон ироа гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои асосии иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷавонон вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Инчунин, дар Паём иброз гардид, ки солҳои 2019–2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg