БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат – роҳнамои миллат

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.

Нахуст, дар мулоқот Валиева Саъбагул раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномаҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо неруву иродаи бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама восита ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард.

Бо ташаббус ва дастгириҳои Сарвари давлат садҳо иншоотҳо ва махсусан, иншооти бузурги азими аср ба истифода додани агрегати аввали - НБО “Роғун” ва ё пешниҳоди Пешвои миллат оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028” пазуруфта шудан аз ҷониби ҷомеа башарӣ дида мешавад, ки нуфуз ва манзалати мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg