БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризмро маҳкум менамоем

АНДЕША. Тоҷикистони азизи мо бисту ҳафт сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг пеш рафта, рушд меёбад. Мардумаш аз паи ободиию созандагӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд айён аст, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар иншоотҳои бузургу пуриқтидор, роҳҳои васею мунфарши аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқидошта ба истифода дода шудаанд. Инҳо нахустмеваҳои даврони Истиқлолиятанд. Агар пешравӣ хамин тавр идома ёбад, яқин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафта ҷои худро меёбад.

Мутаассифона, гул бе хор намешавад. Ҳар ҷо, ки ободист, ҳар ҷо, ки мардумони шарифу ватандӯст ҳастанд, ашхоси бадтинату бадахлоқ низ дида мешавад. Мо ҳамаро ба худ ҳабиб-дӯст мепиндорем, вале бехабар аз он, ки душман дар либоси дӯстӣ кори худро мекунад. Мо бояд ҳушёру зирак бошем. Душмани дар ниқоби дӯст бударо шиносем, то ки ба доми ӯ наафтем.

 Қувваҳои аҳриманӣ бо амалҳои зишту нохуби худ имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Онҳо ободиву озодӣ, пешравӣ ва сулҳу суботро дидан намехоҳанд. Бинобар ин, бо ҳар роҳ-бо зӯроварӣ, бо сухан, агар лозим шавад, бо сарват сафи худро зиёду пурзӯр мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки киҳо ба суханони онҳо гӯш медиҳанд ва пайрави онҳо мегарданд? Ҷавоб ин аст, ки шахсони бесавод, камшуур, шахсони ба қадри сулҳу суббот, озодӣ ва Ватани азиз намерасидагӣ.

Дар миқёси ҷаҳон ин гуна ҷавонони хому сода ва зудбовар бисёранд, ки барои маблағи ночиз ба куштору хунрезиҳо даст мезананд. Баъзе ҷавонони камшууру зудбовари Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар иҷрои ин амалҳои нангин истисно намекунем. Аз воситаҳои ахбори умум, ба хусус аз телевизион имрӯзҳо моҳе якчанд маротиба аз ҳушёриву зиракии кормандони амният ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маълумотҳо пешниҳод мегарданд. Аз оинаи нилгун ҷавононеро нишон медиҳанд, ки қавиҷусса ва паҳлавонсуратанд, ба қавле, ки агар кӯҳро зананд, талқон мешавад. Аммо онҳо ин давраи пурҷӯшу хурӯши ҷавониро, ин қувваи бозуро ба ҷойи ба хизмати халқу Ватан сарф кардан, ба харобкорӣ, одамрабоӣ, қатлу ғорат ва дигар амалҳои зишт равона менамоянд. Ин гуна ҷавонон ба шаъни миллати овозадору соҳибмаърифати мо-тоҷикон иснод меоранд, номи халқу давлати хешро паст мезананд.

Бинобар ин, мо аъзоёни ҲХДТ, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Кӯшониён ба ҳамагон, сараввал ба падарону модарон, муроҷиат мекунем, ки аз кирдорҳои фарзандони худ бохабар бошанд, ҳар қадами мондаи онҳоро назорат созанд ва нагузоранд, ки пайвандони онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хавфнок моил шаванд. Дар ҳар як ҷамъомадҳои волидон, ки дар муассиса гузаронида мешавад, оиди терроризм ва экстремизм маълумот медиҳем. Падару модаронро огоҳ менамоем, ки доимо ҳушёриро аз даст надиҳанд ӯ ва фарзандонашонро беназорат нагузоранд. Баъдан, ба кулли омӯзгорон мурочиат мекунем, ки дар таълиму тарбияи фазандони мардум саҳлнигорӣ нанамоянд. Рафти таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монанд. Дар соат ҳои тарбиявӣ амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ифродгароро маҳкум кунанд. Инчунин дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ҳафтае як маротиба оиди ифродгароӣ суҳбатҳо гузаронанд.

Мо намехоҳем, ки боз ҳамон тохтутозҳои бемаънӣ, куштору сӯхтор, ҳамдигарбадбиниҳо ва иҷборан муҳочиршавии солҳои 90-уми қарни гузашта рух диҳанд. Минбаъд барои мо осмони соф, иттиҳод, меҳнати озод, Сулҳу Ваҳдат чун обу ҳаво заруранд ва мо бояд ин сарвати бебаҳоро бо нархи ҷон муҳофизат намоем.

 Хуҷабек Кенҷаев – узви ҲХДТ, омӯзгор, сокини ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg