БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳанарҳои мардумӣ дар Ҷайҳун рушд доранд

ҶАЙҲУН.  Дар доираи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти «Ваҳдати милли»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии деҳа бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон доир гардид.

Чорабинии мазкурро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун М.Зайдуллоев бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур хусусан ба бонувон, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар он тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буданд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинии ҳизбӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун М. Зайдуллоев вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳо мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри огоҳии мардум, хусусан ҷавонон аз хатари терроризму экстремизм, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумҳурӣ мамнуъ, истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои интернетӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии ҳизбӣ, бонувони деҳа зери навои мусиқӣ мерақсиданду меболиданд, ки воқеан ҳам фазои идонаи ҳизбӣ ҳувайдо буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg