БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамои сокинон ба зиндагии босаодат аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи «Холмурод Муродов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан  масъулин иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави 2019 табрику шодбош гуфта, дар соли нави пешомад  дар хонадони онҳо  файзу баракат,  бахту саодат ва рӯзгори  ободро таманно карданд.

Баъд аз суханҳои табрикотӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун, ки ба хонадони мардуми тоҷик равшанӣ бахшида  андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои расидан ба қадри ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар  рушду нумуи кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg