БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад

ФАРХОР. Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулшан намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла, намоиши либосҳои миллӣ доир гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ва Абдураҳмонов Ҷамшедҷон дар назди сокинон баромад намуда, оид ба таърих, ҳадафҳои барномавӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Сипас, раиси Кумитаи маҳалла Азаматов Садриддин ҷиҳати аз даст надодани  ҳушёрии сиёсӣ, андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифтихор доштан аз Ватани озоду обод ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ибрози андеша  намуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ дар клуби деҳа баргузор гардида, дар он ҳунармандон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳа иштироки фаъолона намуданд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ хонандагон дар васфи Ватан ва Пешвои миллат шеъру сурудҳо қироат намуданд.

Дар охири чорабинӣ сокинони деҳаи Бӯстон аз баргузор гардидани чунин чорабинӣ изҳори сипос карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg